“Истиқлол” дар қуръакашии Лигаи чемпионҳои КФО-2022 дар сабади сеюм ҷой гирифт – Федерация Футбола Таджикистана

“Истиқлол” дар қуръакашии Лигаи чемпионҳои КФО-2022 дар сабади сеюм ҷой гирифт

Конфедератсияи футболи Осиё таркиби сабадҳоро барои қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2022 дар минтақаҳои Ғарб ва Шарқ муқаррар намуд.

Тибқи натиҷаи қуръакашӣ, ки рӯзи 17-уми январ баргузор мешавад, даҳ гурӯҳи иборат аз чордастаӣ ташкил карда мешавад. Марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи асосии бошгоҳҳои Осиё, мутобиқи тақвими КФО, дар минтақаи Ғарб дар шакли мутамарказ аз 10-ум то 26-уми май ва дар минтақаи Шарқ аз 15-уми апрел то 1-уми май барпо мегардад.

Чемпиони Тоҷикистон – «Истиқлол»-и Душанбе, ки соли гузашта ба даври 1/8-ниҳоии Лигаи чемпионҳои КФО роҳ ёфта буд, дар мавсими нави мусобиқаи асосии бошгоҳии Осиё дар сабади сеюм ҷой гирифт.

“Истиқлол” бо дастаҳои «Пахтакор» (Узбекистон), «Ал-Ваҳдат» (Урдун), «Мумбай Сити» (Ҳиндустон) ва «Аҳал» (Туркманистон) дар як сабад ҷойгир аст ва ин маънои онро дорад, ки бо онҳо дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2022 бозӣ намекунад.

 

Таркиби сабадҳо барои қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022:

Минтақаи Ғарб

Сабади 1-ум: “Ал-Садд” (Қатар), “Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ), “Фулод Хуҷистон” (Эрон), “Ал-Ҷазира” (Имороти Муттаҳидаи Араб), “Ал-Зуҳайл” (Қатар).

Сабади 2-юм: “Ал-Файсалӣ” (Арабистони Саудӣ), “Сипоҳон” (Эрон), “Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай” (Имороти Муттаҳидаи Араб), “Ал-Райян” (Қатар), “Ал-Шабоб” (Арабистони Саудӣ).

Сабади 3-юм: «Пахтакор» (Узбекистон), «Ал-Вахдат» (Урдун), «Мумбай Сити» (Ҳиндустон), «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН), «Аҳал» (Туркманистон).

Сабади 4-ум: «Эйр Форс» (Ироқ), ғолиби ҷуфти «Ал-Таавун» (Арабистони Саудӣ) – «Ал-Ҷаиш» (Сурия), ғолиби ҷуфти «Банияс» (Имороти Муттаҳидаи Араб) – «Насаф» (Узбекистон), ғолиби ҷуфти «Шарҷа» (Имороти Муттаҳидаи Араб) – «Ал-Завра» (Ироқ).

 

Минтақаи Шарқ

Сабади 1-ум: дастаи якуи Чин, «Кавасаки Фронтале» (Ҷопон), «Чонбук Ҳёндэ Моторс» (Кореяи Ҷанубӣ), «Би Ҷи Патҳум Юнайтед» (Тайланд), дастаи дуюми Чин.

Сабади 2-юм: «Урава Ред Даймондс» (Ҷопон), «Чоннам Дрэгонз» (Кореяи Ҷанубӣ), «Чианграй Юнайтед» (Тайланд), дастаи сеюми Чин, «Иокагама Ф. Маринос» (Ҷопон).

Сабади 3-юм: «Юнайтед Сити» (Филиппин), «Китчи» (Ҳонконг), «Хоаган Зялай» (Ветнам), «Ҷоҳор Дарул Тазим» (Малайзия), «Лион Сити Сейлорс» (Сингапур).

Сабади 4-ум: «Мелбурн Сити» (Австралия), ғолиби ҷуфти дастаи чоруми Чин – дастаи сеюми Австралия/«Кайя Илоило» (Филиппин), ғолиби ҷуфти «Виссел Кобе» (Ҷопон) – дастаи дуюми Австралия/«Шан Юнайтед» (Мянмар), ғолиби ҷуфти «Улсан Ҳёндэ» (Кореяи Ҷанубӣ) – «Порт» (Тайланд), ғолиби ҷуфти «Тэгу» (Кореяи Ҷанубӣ) – «Бурирам Юнайтед» (Тайланд).

Назари худро бинависед