«Истиқлол» бозии панҷумро дар Лигаи чемпионҳои КФО-2022 доир намуд – Федерация Футбола Таджикистана

«Истиқлол» бозии панҷумро дар Лигаи чемпионҳои КФО-2022 доир намуд

«Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон дар даври гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022 панҷумин бозиашро анҷом дод.

Дастаи Виталий Левченко дар даври панҷум бо тими «Ал-Райян»-и Қатар нерӯ санҷида, дар лаҳзаҳои охирини рақобат имкони касби ҳадди ақал як имтиёзро аз даст дод.

Дар бозии ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022 дар чаҳоргонаи «А» «Истиқлол» 27 апрел бо бошгоҳи «Шарҷа»-и Амороти Муттаҳидаи Араб вомехӯрад.

 

Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022

Гурӯҳи «А». Даври 5-ум

«Ал-Райян» (Қатар) – «ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон) – 1:0

Гол: Йохан Боли, 90.

23 апрел. Риёз. Варзишгоҳи байналмилалии Кинг Фаҳд.

Назари худро бинависед