«Истиқлол» бар «Равшан» пирӯз шуда, барандаи даҳкаратаи Ҷоми Тоҷикистон гардид – Федерация Футбола Таджикистана

«Истиқлол» бар «Равшан» пирӯз шуда, барандаи даҳкаратаи Ҷоми Тоҷикистон гардид

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023 бар тими «Равшан»-и Кӯлоб пирӯз шуд ва барандаи даҳкаратаи ин ҷоиза гардид. Қаблан бошгоҳи шаҳри Душанбе дар солҳои 2009, 2010, 2013, 2014, 2015, 2016, 2018, 2019 ва 2022 барандаи Ҷоми кишвар шуда буд. Барои сармураббӣ Игор Черевченко ин аввалин ҷоиза бо «Истиқлол» ба ҳисоб меравад.

Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023 1-уми ноябр дар варзишгоҳи «Кӯлоб Арена» баргузор шуд ва 12200 тамошобинро ҷалб кард. Вақти асосии бозӣ мусовӣ – 0:0 анҷом ёфт. Дар қисматҳои изофӣ дастаҳо як голӣ заданд – 1:1. «Истиқлолиҳо» ба голи легионери ганагии «Равшан» Ҷозеф Акомади бо зарбаи дақиқи ҳимоятгари марказӣ Содиқҷон Қурбонов посух доданд.

Дар силсилазарбаҳои пеналти «Истиқлол» муваффақ шуд ​​– 4:2. Дарвозабон Рустам Ятимов зарбаи ҷаримавии дарвозабони «Равшан» Евгений Гритсенкоро баргардонд ва дар ниҳоят беҳтарин бозигари финал эътироф гардид.

 

🏆 1XBet-Ҷоми Тоҷикистон-2023. Финал

🔴 «Истиқлол» (Душанбе) – ️ «Равшан» (Кӯлоб) – 1:1. Аз рӯйи силсилаи пеналти – 4:2

️ Голҳо: Ҷозеф Акомади, 100 (1:0). Содиқҷон Қурбонов, 105+2 (1:1).

Силсилаи пеналти: Артур Карташян – 1:0. Холмурод Назаров – 1:1. Аҳтам Назаров – 2:1. Айдан Окран – 2:2. Шаҳром Сулаймонов – 3:2. Ҷозеф Акомади – 3:2 (тахтачӯби дарвоза). Денис Беганович – 4:2. Евгений Гритсенко – 4:2 (дарвозабон).

🏟 1 ноябр. «Кӯлоб-Арена». 12 200 тамошобин.

Назари худро бинависед