«Истиқлол» – «Ал-Наср»: 4 декабр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе нишасти хабарии пеш аз бозӣ доир мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

«Истиқлол» – «Ал-Наср»: 4 декабр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе нишасти хабарии пеш аз бозӣ доир мешавад

Ба таваҷҷуҳи намояндагони ВАО! 4 декабр дар остонаи бозии даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 дар чаҳоргонаи «Е» миёни бошгоҳҳои «Истиқлол» (Тоҷикистон) ва «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) дар толори Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе нишасти хабарӣ баргузор мегардад. Нишаст соати 17:30 оғоз мешавад.

Ба саволҳои рӯзноманигорон сармураббии «Истиқлол» Игор Черевченко ва нимҳимоятгари бошгоҳ Эҳсони Панҷшанбе посух хоҳанд дод. Аз ҷониби «Ал-Наср» сармураббӣ Луиш Каштру ва яке аз бозигарони даста ширкат мекунанд.

Ба диққати намояндагони ВАО мерасонем, ки аккредитатсияҳоеро, ки қаблан барои инъикоси бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 дастрас карда буданд, бо худ бигиранд.

Назари худро бинависед