Имшаб мунтахаби Тоҷикистон (U-16) бо ҳамсолони худ аз Қирғизистон бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Имшаб мунтахаби Тоҷикистон (U-16) бо ҳамсолони худ аз Қирғизистон бозӣ мекунад

Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) таҳти роҳбарии Зайниддин Раҳимов имшаб, 14-уми май дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) нахустин бозии худро анҷом медиҳад.

Рақиби дастаи мо дастаи Қирғизистон хоҳад буд, ки дар оғози мусобиқот бо дастаи Афғонистон мусовӣ (1:1) кард.

Вохӯрии дастаҳои наврасони  Тоҷикистону Қирғизистон дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 21:00 оғоз мешавад. Ҳамаи мухлисони футболро барои дастгирии наврасони тоҷик ба варзишгоҳ даъват мекунем! Даромад ба варзишгоҳ ройгон аст!

 

Чемпионати CAFA-202 (U-16)

 Даври 2

14 май (шанбе)

18:00 – Афғонистон – Ӯзбекистон

21:00 – Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Назари худро бинависед