Имшаб мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар чемпионати CAFA-2022 бо дастаи Ӯзбекистон бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Имшаб мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар чемпионати CAFA-2022 бо дастаи Ӯзбекистон бозӣ мекунад

Имшаб, 18-уми май, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозиҳои даври чоруми чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои наврасони то 16-сола баргузор мешаванд.

Дастаи наврасони Тоҷикистон, ки дар оғози мусобиқот бар тими Қирғизистон (2:0) пирӯз шуда, бо Афғонистон мусовӣ (0:0) кард, имшаб бо ҳамсолони худ аз Ӯзбекистон вомехӯрад. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 21:00 оғоз мешавад. Даромад ба варзишгоҳ ройгон аст. Ҳамаи мухлисонро барои дастгирӣ даъват мекунем!

 

Чемпионати CAFA миёни мунтахабҳои наврасон (U-16)

 Даври 4-ум

18 май (чоршанбе)

Оғоз – соати 21:00

Ӯзбекистон – ТОҶИКИСТОН

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Назари худро бинависед