Имшаб дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо ҳамсолони худ аз АМА бозии дӯстона мегузаронад – Федерация Футбола Таджикистана

Имшаб дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо ҳамсолони худ аз АМА бозии дӯстона мегузаронад

Имрӯз, 2-юми июн, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии якуми дӯстона миёни мунтахабҳои ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад. Бозӣ соати 20:00 оғоз шуда, даромад ба варзишгоҳ ройгон мебошад. Ҳамаи мухлисони футболро барои дастгирии ҷавонони тоҷик ба варзишгоҳ даъват мекунем!

 

Бозии дӯстона

2 июн (панҷшанбе)

Оғоз – соати 20:00

ТОҶИКИСТОН (U-20) – АМА (U-20)

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Назари худро бинависед