Имрӯз мунтахаби Тоҷикистон бо яккачини Сингапур рақобат мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Имрӯз мунтахаби Тоҷикистон бо яккачини Сингапур рақобат мекунад

Имрӯз, 11-уми июн дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкек бозиҳои даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «F» баргузор мешаванд. 

Дар ин марҳила дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Сингапур бозӣ мекунад. Вохӯрӣ соати 15:30 ба вақти Душанбе оғоз мешавад. Пахши мустақими бозиро шабакаҳои телевизионии «Варзиш» ва «Футбол» ба роҳ мемонанд.

 

Бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023

Гурӯҳи «F». Даври 2

11 июн (шанбе)

Оғоз – соати 15:30 ба вақти Душанбе

Сингапур – ТОҶИКИСТОН

Бишкек, Варзишгоҳи Долон Омурзоқов

Назари худро бинависед