Имрӯз мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо Лаос бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Имрӯз мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо Лаос бозӣ мекунад

Имрӯз, 9-уми сентябр дар Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, бозии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 (U-23) дар гурӯҳи «I» баргузор мешавад.

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) таҳти роҳбарии Мубин Эргашев бо тими Лаос бозӣ мекунад. Ин вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 20:30 оғоз мегардад.

Ҳамаи мухлисонро барои дастгирии футболбозони тоҷик даъват мекунем!

 

🏆 Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 (U-23)

♦️ Гурӯҳи «I»

Даври 2

📅 9 сентябр (шанбе)

️ Оғоз соати 20:30

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇱🇦 Лаос

🏟 Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Назари худро бинависед