Имрӯз мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Ҷоми Осиё-2023 бо тими Урдун бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Имрӯз мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Ҷоми Осиё-2023 бо тими Урдун бозӣ мекунад

Имрӯз, 2 март дар доираи қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои ҷавонони то 20-сола бозиҳои даври аввал дар гурӯҳи «С» баргузор мешаванд.

Дар варзишгоҳи «Локомотив»-и Тошканд тимҳои миллии Тоҷикистон ва Урдун вомехӯранд. Бозӣ соати 17:00 оғоз мешавад. Пахши мустақими рақобатҳоро шабакаҳои телевизионии «Варзиш» ва «Футбол» ба роҳ мемонанд.

Дар бозии имрӯза ба тими ҷавонони тоҷик муваффақият таманно дорем!

 

🏆 Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои ҷавонон (U-20)

Гурӯҳи «С». Даври 1

 📅 2 март (панҷшанбе)

🕰 Оғоз – соати 17:00

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇯🇴 Урдун

🏟 Тошканд, варзишгоҳи «Локомотив»

Назари худро бинависед