Имрӯз мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Ҷоми Осиё-2023 бо дастаи Кореяи Ҷанубӣ бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Имрӯз мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Ҷоми Осиё-2023 бо дастаи Кореяи Ҷанубӣ бозӣ мекунад

Дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои то 20-сола, ки дар Ӯзбекистон ҷараён дорад, имрӯз, 8-уми март бозиҳои даври сеюми марҳилаи гурӯҳӣ дар чаҳоргонаи «С» баргузор мешаванд.

Дастаи ҷавонони Тоҷикистон бо пешсафи гурӯҳ – тими Кореяи Ҷанубӣ, ки шаш имтиёз дорад, бозӣ мекунад. Ин рақобат дар варзишгоҳи «Бунёдкор»-и Тошканд соати 17:00 оғоз мешавад. Бозиро шабакаи «Варзиш» ба таври мустақим пахш месозад. 

Дар бозии имрӯза ба ҷавононамон барору музаффарият таманно дорем!

 

🏆 Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои ҷавонон (U-20)

Гурӯҳи «С». Даври 3

📅 8 март (чоршанбе)

🕰 Оғоз – соати 17:00

🇰🇷 Кореяи Ҷанубӣ – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН

🏟 Тошканд, варзишгоҳи «Бунёдкор»

 

Назари худро бинависед