Имрӯз КМВА дар Ҷоми КФО-2022 бо «Суғдиёна» бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Имрӯз КМВА дар Ҷоми КФО-2022 бо «Суғдиёна» бозӣ мекунад

Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе имрӯз, 27-уми июн, бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2022 дар минтақаи марказӣ дар чаҳоргонаи «Е» баргузор мешаванд. 

Барандаи медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон КМВА-и Душанбе бо ноибқаҳрамони Ӯзбекистон дастаи «Суғдиёна» вомехӯрад. Бозӣ соати 22:00 оғоз мешавад. 

Тамоми мухлисони футболро ба варзишгоҳ даъват менамоем, то тими моро дар чунин бозии муҳим дастгирӣ кунанд! Ба КМВА-и Душанбе бурдборӣ орзумандем!

 

Ҷоми КФО-2022

Гурӯҳи «Е». Даври 2

27 июн (душанбе)

Оғоз – соати 22:00

КМВА (ТОҶИКИСТОН) – “Суғдиёна” (Ӯзбекистон)

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Назари худро бинависед