Имрӯз дар Душанбе бозии мунтахабҳои Тоҷикистон – Арабистони Саудӣ баргузор мешавад. Биёед дастаамонро якҷоя дастгирӣ кунем! – Федерация Футбола Таджикистана

Имрӯз дар Душанбе бозии мунтахабҳои Тоҷикистон – Арабистони Саудӣ баргузор мешавад. Биёед дастаамонро якҷоя дастгирӣ кунем!

Имрӯз, 26 март дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии чоруми даври дуюми мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор мешавад. Вохӯрӣ соати 20:00 оғоз мешавад.

Мо тамоми мухлисонро ба варзишгоҳ даъват карда, хоҳиш менамоем, ки дар чунин рақобати муҳим дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дастгирӣ кунанд. Тими миллӣ ба дастгирии шумо ниёз дорад! Биёед мунтахабамонро якҷоя дастгирӣ кунем!!!

 

🏆 Ҷоми ҷаҳон-2026. Марҳилаи интихобӣ

Даври дуюм. Гурӯҳи «G»

Даври 4

📅 26 март (сешанбе)

️ Оғоз – соати 20:00

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇸🇦 Арабистони Саудӣ

🏟 Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Назари худро бинависед