Имрӯз дар Абу-Даби бозии дӯстонаи дастаҳои АМА – Тоҷикистон баргузор мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Имрӯз дар Абу-Даби бозии дӯстонаи дастаҳои АМА – Тоҷикистон баргузор мешавад

Имрӯз, 25-уми март дар варзишгоҳи «Ал-Наҳаён»-и Абу-Даби бозии санҷишӣ миёни дастаҳои мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб ва Тоҷикистон баргузор мешавад. Вохӯрӣ соати 22:00 ба вақти маҳаллӣ (23:00 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.

Қаблан дар сатҳи тимҳои миллӣ дастаҳо танҳо як маротиба – 12 ноябри соли 2020 дар доираи бозии дӯстона дар Дубай вохӯрда буданд. Дар он нерӯсанҷӣ футболбозони мо бо ҳисоби 2:0 пешсаф буданд, вале натиҷаи ғалабаро нигоҳ дошта натавониста, дар охир мағлуб шуданд – 2:3.

Бозии дӯстонаи АМА – Тоҷикистонро метавонед мустақиман тариқи шабакаи «ТВ Варзиш» тамошо кунед.

 

🤝 Бозии дӯстона

📅 25 март (шанбе)

🕰 Оғоз – соати 23:00 ба вақти Душанбе

🇦🇪 АМА – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН

🏟 Абу-Даби, варзишгоҳи «Ал-Наҳаён»

Назари худро бинависед