Имрӯз бозии дӯстонаи дуюм миёни дастаҳои ҷавонони Тоҷикистону Сурия доир мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Имрӯз бозии дӯстонаи дуюм миёни дастаҳои ҷавонони Тоҷикистону Сурия доир мешавад

Дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон ва Сурия имрӯз, 24-уми феврал бозии дӯстонаи дуюмашонро анҷом медиҳанд. 

Вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор сурат гирифта, соати 16:00 оғоз мешавад. Даромад ба варзишгоҳ ройгон аст. Ҳамаро ба тамошои футбол даъват мекунем!

 

🤝 Бозии дӯстона

📅 24 феврал (ҷумъа)

🕰 Оғоз – соати 16:00

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН (U-20) – 🇸🇾 Сурия (U-20)

🏟 Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Назари худро бинависед