Имрӯз бозии дӯстона миёни мунтахабҳои Кувайт ва Тоҷикистон баргузор мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Имрӯз бозии дӯстона миёни мунтахабҳои Кувайт ва Тоҷикистон баргузор мешавад

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 имрӯз, 28-уми март бо тими миллии Кувайт бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Ин бозӣ дар Варзишгоҳи байналмилалии Ҷобир Ал-Аҳмади шаҳри Ал-Кувайт баргузор шуда, соати 22:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 23:59 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.

Қаблан дар сатҳи тимҳои миллӣ ин дастаҳо танҳо як маротиба – 6 декабри соли 2004 дар доираи бозии дӯстона дар Ал-Кувайт вохӯрда буданд. Он рақобат бо пирӯзии дастаи Кувайт – 3:0 анҷом ёфта буд.

Бозии дӯстонаи имрӯзаро аз шабакаи телевизионии «Варзиш» мустақиман тамошо кунед.

 

🤝 Бозии дӯстона

📅 28 март (сешанбе)

🕰 Оғоз – соати 23:59 ба вақти Душанбе

🇰🇼 Кувайт – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН

🏟 Ал-Кувайт, Варзишгоҳи байналмилалии Ҷобир Ал-Аҳмад

Назари худро бинависед