Ҳимоятгари марказии тими миллии Тоҷикистон Зоир Ҷӯрабоев дастаашро дар Суперлигаи Ӯзбекистон, ки се соли ахир дар он баромад мекард, иваз намуд.
Зоир Ҷӯрабоеви 26-сола ба ҳайси футболбози озод аз дастаи «Нефтчи»-и Фарғона ба «Суғдиёна»-и Ҷиззах гузашт. Ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон ду сол – солҳои 2023 ва 2024 дар ҳайати «Нефтчӣ» ҳунарнамоӣ кардааст. Инчунин соли 2018 Ҷӯрабоев шарафи тими «Металлург»-и Бекободро ҳимоя кардааст.
Зоир Ҷӯрабоев аз соли 2016 дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон бозӣ мекунад ва то инҷониб дар 47 рақобат як гол задааст.