«Хуҷанд» – «Суғдиёна»: пагоҳ нишасти матбуотии пеш аз бозӣ баргузор мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

«Хуҷанд» – «Суғдиёна»: пагоҳ нишасти матбуотии пеш аз бозӣ баргузор мешавад

Ба таваҷҷӯҳи намояндагони ВАО! Пагоҳ, 16-уми август дар меҳмонхонаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд дар остонаи бозии финалии минтақаи марказии Ҷоми КФО-2022 байни бошгоҳҳои «Хуҷанд» (Тоҷикистон) ва «Суғдиёна» (Ӯзбекистон) нишасти матбуотии пеш аз бозӣ баргузор мешавад. Оғоз соати 11:30 дар назар аст. 

Дар нишасти матбуотӣ аз дастаи «Хуҷанд» сармураббӣ Рустам Хоҷаев ва сарвони даста Ҷаҳонгир Эргашев ба суолҳои рӯзноманигорон ҷавоб мегӯянд. Аз ҷониби меҳмонон сармураббӣ Улуғбек Бақоев ва дарвозабони сербӣ Милан Митрович дар нишасти матбуотӣ ширкат мекунанд.

Қабл аз оғози нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон метавонанд рухсатномаҳои аккредитатсионии худро дастрас кунанд. 

Телефон барои маълумот: (+992) 918667387 (Фаридун Солиев).