«Хуҷанд» ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми АFC-2020 роҳ ёфт – Федерация Футбола Таджикистана

«Хуҷанд» ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми АFC-2020 роҳ ёфт

Витсе-чемпиони Тоҷикистон дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд аз рӯи натиҷаи ду бозии плей-оффи Ҷоми AFC-2020 бошгоҳи “Нефтчӣ”, барандаи Ҷоми Қирғизистонро бо ҳисоби умумии 3:1 (0:1, 3:0) шикаст дода, ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқа роҳ ёфт.

Бозии ҷавобии плей-оффи Ҷоми AFC-2020 миёни дастаҳои “Хуҷанд” ва “Нефтчӣ” рӯзи 26-уми феврал, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир гардид.

Нимаи аввали дидор бо ҳуҷумҳои паиҳами футболбозони тоҷик сурат гирифт. Тӯби аз кунҷи майдон задаи Фатҳулло Фатҳуллоевро капитани “Хуҷанд” Дилшод Бозоров бо зарбаи сар аз ҷаримагоҳ дар дақиқаи 33-юм ба дарвозаи меҳмонон ворид кард. Дар нимаи дувуми бозӣ низ футболбозони Хуҷанд фаъол буданд ва ҳарчанд барои голзанӣ кӯшиши зиёд карданд, вале ҳисоб тағйир наёфт. Замони асосии дидор бо ҳисоби 1:0 ба нафъи “Хуҷанд” ба поён расид.

Бозии аввали плей-оффи Ҷоми AFC-2020 миёни дастаҳои “Нефтчӣ”-и Қочқор-Ота ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд 19-уми феврал дар варзишгоҳи “Қурмонбек”-и шаҳри Ҷалолободи Қирғизистон бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 1:0 хотима ёфта буд.Ба ин тартиб, ҳисоби умумӣ 1:1 шуд. Тибқи низомномаи мусобиқа барои муайян кардани ғолиб 30 дақиқа замони изофа (ду қисми 15-дақиқаӣ) таъйин гардид.

Голи дувуми “Хуҷанд”-ро боз ҳам Дилшод Бозоров дар ибтидои қисми дувуми замони изофа, дар дақиқаи 106-ум, ба самар расонид. Ӯ аз ҷаримагоҳ, аз масофаи наздик, тӯбро бо зарбаи сар вориди дарвозаи меҳмонон намуд. Голи севумро ҳам Бозоров, ки ба ҷаримагоҳи “Нефтчӣ” ворид шуд, дар дақиқаи 118-ум зад ва “хет-трик” кард. Ҳамин тариқ, бозии ҷавобии плей-оффи Ҷоми AFC-2020 миёни дастаҳои “Хуҷанд” ва “Нефтчӣ бо пирӯзии ноиби қаҳрамони Тоҷикистон бо ҳисоби бузурги 3:0 хотима ёфт.

Дастаи “Хуҷанд” бо раҳбарии сармураббӣ Никола Лазаревич, мутахассиси сербиягӣ, аз рӯи натиҷагирии ду бозӣ муқобили “Нефтчӣ” бо ҳисоби умумии 3:1 ғолиб шуда, ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2020 роҳ пайдо кард. Зимнан, соли гузашта низ “Хуҷанд” ба марҳилаи гурӯҳӣ роҳ ёфта буд. Ҳамакнун “Хуҷанд” дар гурӯҳи “D” бо бошгоҳҳои “Истиқлол” (Тоҷикистон), “Олтин Асир” (Туркманистон) ва “Дордой” (Қирғизистон) рақобат хоҳад кард. Бозиҳо дар ин гурӯҳ 11-уми март шуруъ мешаванд.

 

Ҷоми КФО-2020

Минтақаи марказӣ

Плей-офф. Бозии ҷавобӣ

«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «Нефтчӣ» (Қирғизистон) – 3:0

ГолҳоДилшод Бозоров, 33 (1:0). Дилшод Бозоров, 107 (2:0). Дилшод Бозоров, 117 (3:0).

«Хуҷанд» (Тоҷикистон): Мамур Икромов, Сироҷ Ҳамроев, Фирдавс Чақалов (Манучеҳр Ахмедов, 114), Алишер Баротов (Манучеҳр Сафаров, 83), Ойбек Абдуғаффоров, Бахтиёр Чориев (Комрон Мирзонаҷот, 77), Абдулмӯъмин Забиров, Санҷар Рихсибоев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Андрей Сидоров (Амирҷон Сафаров, 120), Дилшод Бозоров.

Огоҳонида шуданд: Абдулмӯъмин Забиров, Фатҳулло Фатҳуллоев («Хуҷанд»), Азамат Омуралиев, Кайрат Изаков, Александр Игнатенко («Нефтчӣ»).

Беҳтарин бозингари вохӯрӣДилшод Бозоров («Хуҷанд»).

Сардовар: Аҳмад Файсал Ал-Алӣ (Урдун).

Нозири доварон: Окада Масайоши (Япония).

Комиссари бозӣ: Аҳмад Тиллоев (Узбекистон).

26 феврал. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 5200 тамошобин.

Бозии аввал – 0:1.

Назари худро бинависед