«Хуҷанд» аз «Суғдиён» мағлуб шуд ва ҳунарнамоиро дар Ҷоми КФО-2022 хотима дод – Федерация Футбола Таджикистана

«Хуҷанд» аз «Суғдиён» мағлуб шуд ва ҳунарнамоиро дар Ҷоми КФО-2022 хотима дод

Ноибқаҳрамони Тоҷикистон бошгоҳи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар бозии ниҳоии минтақаи марказии Ҷоми КФО-2022 аз барандаи медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Ӯзбекистон – «Суғдиён»-и Ҷиззах бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрд ва баромади худро дар мусобиқот ба анҷом расонд. 

Бозии «Хуҷанд» ва «Суғдиён», ки имрӯз, 17-уми август дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, 5600 тамошобинро ҷамъ овард. Аз ҳайати «Суғдиён» Ҷасур Ҳасанов, Шоҳрӯз Норхонов ва Ҷавоҳир Қаҳрамонов муаллифи гол шуданд. Як голи дигарро мизбонон ба дарвозаи худ заданд – автоголро легионери ӯзбек Фирдавс Абдусалимов ба номаш сабт намуд.

Ба ин тартиб, дар даври ниманиҳоии Ҷоми КФО-2022 тими «Суғдиён» рӯзи 6-уми сентябр дар майдони худ «Истерн Лион»-и Ҳонгконгро қабул мекунад.

 

Ҷоми КФО-2022

Минтақаи марказӣ. Финал

«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «Суғдиён» (Ӯзбекистон) – 0:4

Голҳо: Фирдавс Абдусалимов, 14 – автогол (0:1). Ҷасур Ҳасанов, 21 (0:2). Шоҳрӯз Норхонов, 29 (0:3). Ҷавоҳир Қаҳрамонов, 79 (0:4).

«Хуҷанд» (Тоҷикистон): Шоҳрух Қирғизбоев, Фирдавс Абдусалимов, Фирдавс Чақалов (Парвиз Изатшоев, 84), Самандар Очилов (Фирӯз Холматов, 84), Сергей Сканян (Ҷумъабой Каримов, 84), Алишер Баротов (Парвиз Боқиев, 33), Эҳсон Бобоев, Далер Ёдгоров, Сергей Гаранжа, Ҷахонгир Эргашев, Элчибек Рашидбеков (Тоҳир Малодӯстов, 84).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Шоҳрӯз Норхонов («Суғдиён»).

Довари марказӣ: Ким Хи Гун (Кореяи Ҷанубӣ).

17 август. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 5600 тамошобин.

Назари худро бинависед