Гулмуроди Саъдулло бозии Эрону Афғонистонро дар мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» доварӣ кард – Федерация Футбола Таджикистана

Гулмуроди Саъдулло бозии Эрону Афғонистонро дар мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» доварӣ кард

Довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло аз Тоҷикистон бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» дар гурӯҳи «В» миёни дастаҳои мунтахаби Эрон ва Афғонистонро ҳакамӣ кард.

Ин дидор имрӯз, 13 июн дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови Бишкек баргузор шуда, бо пирӯзии калони тими Эрон бо ҳисоби 6:1 анҷом ёфт. Дар ин рақобат Гулмуроди Саъдулло чаҳор корти зард – дутоӣ ба бозигарони ҳарду даста нишон дод.

Ёвари якуми Гулмуроди Саъдулло дар бозии Эрон ва Афғонистон, ҳамватани ӯ, ёвари довари ФИФА Хусрави Сиддиқзод буд.