Гулмуроди Саъдулло бозии дастаҳои Индонезия ва Ироқро дар Ҷоми Осиё-2023 доварӣ кард – Федерация Футбола Таджикистана

Гулмуроди Саъдулло бозии дастаҳои Индонезия ва Ироқро дар Ҷоми Осиё-2023 доварӣ кард

Довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло аз Тоҷикистон бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 дар чаҳоргонаи «А» миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони Индонезия ва Ироқро ҳакамӣ кард.

Ин дидор имрӯз, 1 март дар варзишгоҳи «Локомотив»-и Тошканд баргузор шуда, бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи ироқиҳо анҷом ёфт. Дар ин бозӣ Гулмуроди Саъдулло чаҳор корти зард нишон дод: сето ба бозигарони мунтахаби Индонезия ва якто ба бозигари тими Ироқ. Илова бар ин, довари Тоҷикистон бозигари тими миллии Ироқро дар дақиқаи 45+1-уми бозӣ аз майдон берун кард.

Ба ҳайси ёвари якуми Гулмуроди Саъдулло дар бозии Индонезия ва Ироқ ёвари довари ФИФА Вафо Қараев фаъолият кард.