Сармураббии тими миллии Тоҷикистон Гела Шекиладзе интизориҳои худро аз бозии интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо мунтахаби Тимори Шарқӣ иброз дошт. Ин вохӯрӣ рӯзи 25 март дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор шуда, соати 16:00 оғоз мешавад.
Гела ШЕКИЛАДЗЕ, сармураббии тими миллии Тоҷикистон:
– Пеш аз ҳама аз номи тамоми даста аз мухлисон ва ҷомеаи футболӣ барои натиҷаи вохӯрии рафиқона бо мунтахаби Беларус узр мепурсам. Мутаассифона мо табъи онҳоро дар ҷашни Наврӯз хира кардем.
Пеш аз ҳама, ин хатои бузурги ман аст, ки дастаро омода карда натавонистам. Мо ҳамагӣ 60 дақиқа футбол бозӣ кардем ва 30 дақиқаи охир комилан бозиро аз даст додем. Голҳои сардода натиҷаи хастагӣ ва хатоҳост, қувваи бачаҳо дар қисми дуюм тамом шуд. Мо аз рақобат бо Беларус таҷрибаи талх гирифтем, кӯшиш мекунем дар бозиҳои расмӣ чунин иштибоҳҳоро такрор накунем.
Бозигарон ба вохӯрӣ бо Тимори Шарқӣ тайёрӣ мебинанд. Дастаи Тимори Шарқӣ бо тими Беларус дар як сатҳ нест, аммо ин дафъа ҳамаи диққатамон дар майдон хоҳад буд.
Ба мухлисон муроҷиат мекунам, ки дар чунин рӯзҳои душвор дастаро дастгирӣ кунанд. Тими миллии Тоҷикистон дастаи ҳамаи мост. Ҳоло мунтахаб ба дастгирии мухлисон эхтиёҷ дорад.