Фурӯши чиптаҳои бозии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 миёни мунтахабҳои Тоҷикистон – Урдун оғоз шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Фурӯши чиптаҳои бозии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 миёни мунтахабҳои Тоҷикистон – Урдун оғоз шуд

Фурӯши чиптаҳои бозии аввали даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун оғоз шуд.

Чиптаҳои категорияи якуми нишастгоҳҳои ғарбӣ (секторҳои 1, 2, 3, 4) 50 сомонӣ арзиш доранд. Барои се нишастгоҳҳои дигар (шимолӣ, шарқӣ ва ҷанубӣ) нархи як чипта 20 сомонӣ муқаррар шудааст. Нархи чиптаҳои категорияи VIP 200 сомониро ташкил медиҳад. Чиптаҳоро метавонед аз хазинаи Варзишгоҳи марказии Душанбе, инчунин аз платформаҳои echipta.tj ва ticketon.tj харидорӣ намоед.

Қобили зикр аст, ки бозии аввали даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун 16 ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор гашта, соати 18:00 шуруъ мешавад.

Назари худро бинависед