Фурӯши билетҳо ба тамошои бозӣ миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Муғулистон оғоз шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Фурӯши билетҳо ба тамошои бозӣ миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Муғулистон оғоз шуд

Фурӯши билетҳо ба бозии даври ҳафтуми марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 байни тимҳои миллии Тоҷикистону Муғулистон оғоз шуд.

Бо назардошти талаботи зиёди тамошои бозӣ дар варзишгоҳ, ба мухлисон пешакӣ харидорӣ намудани билети воридшавиро тавсия медиҳем. Зеро дар мувофиқат бо Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) бозии мазкурро ҳамагӣ то 10 ҳазор мухлисон дар варзишгоҳ мустақиман тамошо карда метавонанд. Билетҳоро аз кассаҳои билетфурӯшии варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дастрас намуда метавонед. Нархи билет 20 сомонӣ муқаррар шудаст. Барои суолҳои иловагӣ метавонед бо телефони 915600006  дар тамос шавед.

Ёдрас мешавем, ки бозӣ байни тимҳои миллии Тоҷикистону муғулистон рӯзи 25-уми март, соати 18:00 дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад.

Назари худро бинависед