Formula55 – Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021: дар бозиҳои ниманиҳоӣ «Сипар» – «Истиқлол» ва «Соро Компания» – «Пойтахт» рақобат хоҳанд кард – Федерация Футбола Таджикистана

Formula55 – Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021: дар бозиҳои ниманиҳоӣ «Сипар» – «Истиқлол» ва «Соро Компания» – «Пойтахт» рақобат хоҳанд кард

Ҷуфтҳои бозиҳои нимманиҳоии Formula55 – Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 маълум шуданд.

Тибқи натоиҷи бозиҳои чаҳорякфиналӣ дастаҳои «Истиқлол» ва «Пойтахт» ба марҳилаи навбатӣ роҳ ёфтанд. Акнун дар бозиҳои 1/2 финалӣ «Истиқлол» бо қаҳрамони феълии футзали кишвар – «Сипар»-и Хуҷанд ва “Пойтахт” бо «Соро компания» вомехӯранд.

Аз рӯи Низомномаи мусобиқа бозиҳои ниманиҳоии Лигаи касбии футзали Тоҷикистон аз силсилабозиҳо то ду ғалабаи як даста сурат мегиранд. Ғолибони бозиҳои нимманиҳоӣ дар бозии ниҳоӣ ва дастаҳои мағлуби бозиҳои нимманиҳоӣ барои мақоми сеюм ва медалҳои биринҷӣ рақобат мекунанд.

 

Formula55 – Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021

Марҳилаи чорякниҳоӣ. Бозиҳои дуюм

«Пойтахт» – «Помир» – 6:0

ГолҳоАкуенте Колман, 4 (1:0). Акуенте Колман, 5 (2:0). Акуенте Колман, 15 (3:0). Баҳодур Юлдошев, 17 (4:0). Рамз Амрохонов, 19 (5:0). Рабиҷон Рабиев, 25 (6:0).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣАкуенте Колман («Пойтахт»).

Ҳисоб дар силсилабозиҳо – 2:0.

 

«Самандар» – «Истиқлол» – 0:5

Ҳисоб дар силсилабозиҳо – 2:0.

Назари худро бинависед