Фирӯз Бекмуродов беҳтарин дарвозабони мусобиқаи хотираи Мираброр Усмонов эътироф шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Фирӯз Бекмуродов беҳтарин дарвозабони мусобиқаи хотираи Мираброр Усмонов эътироф шуд

Дарвозабони тими миллии Тоҷикистон Фирӯз Бекмуродов беҳтарин дарвозабони мусобиқаи байналмилалии футзал ба хотираи собиқ президенти Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон Мираброр Усмонов, ки як рӯз пеш дар Тошканд ба поён расид, эътироф шуд.

Дар мусобиқаи хотираи Усмонов дарвозабони дастаи мо ду гол зад. Бозигари дигари тими миллии Тоҷикистон Насратшо Исмоилов яке аз ҷоизаҳои беҳтарин бозигарони ҷавонро ба даст овард.

Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар мусобиқаи хотираи Мираброр Усмонов дар Тошканд чаҳор бозӣ бо тимҳои миллии Ӯзбекистон (2:3), Гватемала (1:3) ва Қирғизистон (4:1 ва 3:1) анҷом дод.

Назари худро бинависед