ФФТ дар Хуҷанд майдончаи футболбозӣ сохт – Федерация Футбола Таджикистана

ФФТ дар Хуҷанд майдончаи футболбозӣ сохт

Бо ибтикори Федератсияи футболи Тоҷикистон ва соҳибкори маҳаллӣ Фирдавс Баротов дар шаҳри Хуҷанд майдончаи хурди футболбозӣ сохта, мавриди ситифода қарор дода шуд.

Майдончаи хурди футболбозии мазкур барои насли ҷавони шаҳри Хуҷанд тӯҳфаи муносиб буда, ифтитоҳи он  ба тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби кӯдакону наврасон ба футбол нигаронида

шудааст.

Дар маросими ифтитоҳи майдончаи футболбозии бо сабзаи замонавии сунъӣ пӯшонидашуда раси шаҳри Хуҷанд, раиси Федератсияи футболи шаҳр Маъруф Муҳаммадзода, Муовини раиси Федератсияи футболи вилояти Суғд Хуршед Ақдодов, сардори шӯъбаи иншоотҳои варзишии ФФТ Раҳмон муртазоев ва роҳбари шӯъбаи футболи кӯдакону наврасони Федератсияи футболи вилояти Суғд Фирдавс баротов иштирок намуданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба Федератсияи футболи Тоҷикистон барои сохтмони майдончаи замонавии футболбозӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафт ва омавигардонии футбол дар кишвар изҳори сипосгузорӣ намуд.

Назари худро бинависед