ФФТ ба дастаҳои лигаи олии футболи Тоҷикистон сару либос тақдим намуд – Федерация Футбола Таджикистана

ФФТ ба дастаҳои лигаи олии футболи Тоҷикистон сару либос тақдим намуд

Дар доираи дастгирии бошгоҳҳои Лигаи олӣ Федератсияи футболи Тоҷикистон барои дастаҳои асосӣ ва эҳтиётии бошгоҳҳои лигаи олии кишвар сару либоси варзишӣ ҳадя кард.

Дар либосҳо рангхои анъанавии нишонҳои ҳар як даста ба назар гирифта шуданд. Маҷмуаи ҳар як тим аз ду навъи либос барои дастаҳои асосӣ ва ҷавонон, инчунин намудҳои мухталифи танпӯшҳои варзишӣ, пироҳанҳои махсус барои тамрин, болопӯшҳо, пойафзол, сумкаҳои варзишӣ ва ғайра иборат аст.

Тамоми лавозимоти варзиширо ширкати испании «Joma» истеҳсол кардааст. Илова бар ин, ба ҳамаи бошгоҳҳои Лигаи олии Тоҷикистон тӯбҳои истеҳсоли ширкати «Molten» тақдим карда шуд.

Назари худро бинависед