Федератсияи футболи вилояти Хатлон имрӯз, 4-уми январ дар шаҳри Бохтар натоиҷи мавсими футболи гузаштаро ҷамъбаст намуда, беҳтаринҳоро аз рӯйи номинатсияҳои гуногун муайян кард.
Дар чорабинии мазкур раиси вилояти Хатлон, раиси Федератсияи футболи вилоят, узви Кумитаи иҷроияи ФФТ Қурбон Ҳакимзода, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, директори генералии Лигаи футболи кишвар Сайвалӣ Шоқурбонов ва дигар меҳмонони фахрӣ ширкат намуданд.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода маросимро ифтитоҳ намуда, изҳори умедворӣ кард, ки соли 2023 барои дастаҳои вилояти Хатлон боз ҳам пурсамару бобарор хоҳад буд.
Сипас дар номинатсияҳои гуногун мукофотҳои инфиродӣ супорида шуданд. Беҳтарин бозигарон ва мураббиёни футболи наврасону занона, чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаҳои олӣ ва якум, инчунин чемпионати ҷумҳурӣ байни дастаҳои лигаи дуюми вилояти Хатлон мукофотонида шуданд.
«Ҳосилот»-и Фархор, ки дар мавсими 2022 ғолиби лигаи якуми Тоҷикистон гардид, соҳиби медалҳои тилло гардид. Дастаи «Равшан», ки дар лигаи олии Тоҷикистон-2022 мақоми дувумро гирифт, бо медалҳои нуқраи чемпионат сарфароз шуд.
Илова бар ин, ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи дуюми вилояти Хатлон ҳам мукофотонида шуданд. Дар ин минтақа ғолиби лигаи дуюм дастаи «Шоҳин»-и ноҳияи Муъминобод гардид. Медалҳои нуқра ба бозигарони дастаи «Нури деҳот» (Панҷ) супурда шуданд. Ва медалҳои биринҷӣ насиби тими «Хуросон» гардиданд.
Беҳтаринҳои соли 2022 дар вилояти Хатлон:
Беҳтарин бозигарон байни кӯдакону наврасон – Умар Рустамов (МДМВ, Кӯлоб), Шаҳром Назиров («Арал», Абдураҳмони Ҷомӣ), Умедҷон Муборов (МДМВ, Ҷалолиддини Балхӣ), Давид Мақсудов (МДМВ, Ёвон), Миқдод Розиқов (МДМВ, Кӯлоб).
Беҳтарин мураббии бачагона – Музаффар Дурвешов (МДМВ, Ҷалолиддини Балхӣ).
Беҳтарин бозигари ҷавон – Шамсулло Назаров («Хатлон»).
Беҳтарин футболбозбону – Ҷамила Раҳмонова («Панҷшер»), Таҳминаи Баҳром («Панҷшер»), Улҷамол Элмуродова («Бешкент»).
Беҳтарин футболбозбонуи вилоят – Лайло Ҳалимова («Хатлон»).
Беҳтарин мураббии футболи занона – Эркин Нормуродов («Бешкент»).
Беҳтарин довари вилояти Хатлон – Наврӯз Воҳидов (ноҳияи Вахш).
Беҳтарин бозигари лигаи якум аз Хатлон – Сайдалии Сафаралӣ («Ҳосилот»).
Беҳтарин бозигари лигаи олӣ аз Хатлон – Абдухалил Боронов («Равшан», Кӯлоб).
Беҳтарин дарвозабони лигаи дуюм – Умед Тангиров («Хуросон»).
Ҳимоятгари беҳтарини лигаи дуюм – Камолиддин Давлатов («Ҷиликӯл»).
Беҳтарин нимҳимоятгари лигаи дуюм – Исмоили Рустам («Шоҳин»).
Беҳтарин нишонзани лигаи дуюм – Соҳиб Ваҳобов («Нури деҳот»).
Беҳтарин мураббии лигаи дуюм – Ҷумъаназар Намозов («Шоҳин»).
Бозигари беҳтарини лигаи дуюм – Муҳаммад Муҳиддинов («Кӯшон»).