Фардо рақибони мунтахаби футзали Тоҷикистон дар ҷоми ҷаҳон-2024 маълум мешаванд – Федерация Футбола Таджикистана

Фардо рақибони мунтахаби футзали Тоҷикистон дар ҷоми ҷаҳон-2024 маълум мешаванд

26 май дар майдони Регистони Самарқанд маросими қуръакашии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футзал-2024 баргузор мешавад ва дар он рақибони тими миллии Тоҷикистон низ муайян мегардад. Чорабинӣ соати 21:00 оғоз меёбад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки барои нахустин бор дар таърихи худ дар Ҷоми ҷаҳон ширкат мекунад, дар сабади сеюми қуръакашӣ қарор гирифтааст ва яқинан дар як гурӯҳ бо дастаҳои Хорватия, Зеландияи Нав, Венесуэла, Афғонистон ва Коста-Рика рақобат намекунад.

Бар асоси натоиҷи қуръакашии Ҷоми ҷаҳон-2024 шаш гурӯҳ иборат аз чаҳор дастаӣ ташкил карда мешавад. Тимҳое, ки дар марҳилаи гурӯҳӣ ҷойҳои якум ва дуюмро ишғол мекунанд ва инчунин чаҳор дастаи беҳтарини зинаи сеюм ба даври 1/8 ниҳоӣ роҳ меёбанд.

Даҳумин чемпионати ҷаҳон оид ба футзал аз 14 сентябр то 6 октябр дар се шаҳри Ӯзбекистон – Тошканд, Андиҷон ва Бухоро баргузор мешавад.

Назари худро бинависед