Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Душанбе Сити Бонк» сарпарасти расмии бошгоҳи футболи «Душанбе» гардид, ки дар мавсими нав дар чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи якум ширкат мекунад.
Раиси Раёсати ҶСП «Душанбе Сити Бонк» Хуршед Акдодов пас аз имзои созишнома изҳор дошт, ки бошгоҳи «Душанбе» дастаи базавии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) мебошад ва ба наздикӣ дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 дар Арабистони Саудӣ баромад хоҳад кард.
«Бонки мо ба тими «Душанбе» ҳамаҷониба кӯмак хоҳад кард. Дар назди даста вазифа гузошта шудааст, ки дар лигаи якуми Тоҷикистон ҷойҳои ифтихориро ишғол намуда, барои роҳхат ба лигаи олӣ мубориза барад», – гуфт Хуршед Акдодов, раиси Раёсати ҶСП «Душанбе Сити Бонк».