Духтурони мунтахабҳои миллии Тоҷикистон дар бозиҳои Конфедератсияи футболи Осиё фаъолият хоҳанд кард – Федерация Футбола Таджикистана

Духтурони мунтахабҳои миллии Тоҷикистон дар бозиҳои Конфедератсияи футболи Осиё фаъолият хоҳанд кард

Духтурони мунтахабҳои миллии Тоҷикистон – Фаррух Авезов (мардон) ва Гуландом Халилова (занон) ба ҳайси медикал-офитсер дар мусобиқаҳои Конфедератсияи футболи Осиё фаъолият хоҳанд кард.

Роҳбари шӯъбаи тиббии Федератсияи футболи Тоҷикистон Фаррух Авезов ба ҳайси медикал-офитсер дар бозии ниманиҳоии байниминтақавии Ҷоми КФО-2021 байни дастаҳои «Насаф» (Узбекистон) ва «АТК Моҳун Баган» (Ҳиндустон) фаъолият менамояд. Ин вохӯрӣ рӯзи 22 сентябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Қаршии Ҷумҳурии Узбекистон баргузор мешавад.

Духтури дастаи мунтахаби миллии футболи занони Тоҷикистон Гуландом Халилова бошад ба ҳайси медикал-офитсери КФО дар бозиҳои гурӯҳҳои “В” ва “С”-и марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2022 фаъолият менамояд.

Бозиҳо дар гурӯҳҳои мазкур аз 23 то 29 сентябр дар Душанбе баргузор мешаванд. Дар ин мусобиқа дар гурӯҳи “С” мунтахабҳои футболи занонаи Тоҷикистон, Ветнам, Молдив ва дар гурӯҳи “С” мунтахабҳои футболи занонаи Индонезия ва Сингапур ширкат мекунанд.

Назари худро бинависед