Доварони Тоҷикистон бозиҳои Лигаи қаҳрамонҳои КФО, Ҷоми КФО ва марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026-ро ҳакамӣ мекунанд – Федерация Футбола Таджикистана

Доварони Тоҷикистон бозиҳои Лигаи қаҳрамонҳои КФО, Ҷоми КФО ва марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026-ро ҳакамӣ мекунанд

Доварон аз Тоҷикистон барои доварӣ дар бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24, Ҷоми КФО-2023/24 ва марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 даъват шуданд.

Довари ФИФА Насрулло Кабиров дар бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 дар минтақаи ғарбӣ дар чаҳоргонаи «В» байни бошгоҳҳои СК «Кувайт» ва «Ал-Ваҳдат» (Урдун) довари марказӣ хоҳад буд. Ба ӯ ёварони довари ФИФА – Акмал Бӯриев ва Хусрави Сиддиқзод кӯмак мекунанд. Ин вохӯрӣ 3 октябр дар Ал-Кувайт баргузор мешавад.

Илова бар ин, ҳайати доварон аз Тоҷикистон иборат аз довари марказӣ Насрулло Кабиров, ёварон Акмал Бӯриев ва Хусрави Сиддиқзод ва инчунин довари эҳтиётӣ Сайёдҷон Зайниддинов бозии даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 байни дастаҳои мунтахаби Яман ва Шри-Ланкаро ҳакамӣ мекунанд. Бозӣ 12 октябр дар варзишгоҳи Шоҳзода Султон бин Абдулазиз воқеъ дар Абҳаи Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Довари дигари Тоҷикистон, довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло дар ду бозии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 ба ҳайси довари эҳтиётӣ кор мекунад. Рӯзи 3 октябр Гулмуроди Саъдулло дар Бангкок дар вохӯрии гурӯҳи «I» байни дастаҳои «Патҳум Юнайтед» (Тайланд) ва «Ҷоҳор Дорул Тазим» (Малайзия) ба симати довари чаҳорум ва 4 октябр дар бозии даври дуюми гурӯҳи «F» миёни бошгоҳҳои «Бангкок Юнайтед» (Тайланд) ва «Чонбук Ҳюндай Моторс» (Кореяи Ҷанубӣ) ба ҳайси довари эҳтиётӣ фаъолият хоҳад кард.

Сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалии Федератсияи футболи Тоҷикистон Давлатманд Исломов низ комиссари КФО таъйин шуд. Ӯ дар бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2023/24 дар гурӯҳи «С» байни бошгоҳҳои «Сипоҳон» (Эрон) ва «Ал-Иттиҳод» (Арабистони Саудӣ), ки 2 октябр дар Исфаҳон баргузор мешавад, фаъолият мекунад.

Ҳамчунин, Давлатманд Исломов комиссари вохӯрии даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 байни тимҳои миллии Сингапур ва Гуам таъйин шуд. Ин рақобат 12 октябр дар Сингапур сурат мегирад.

Назари худро бинависед