Ду дастаи доварон аз Тоҷикистон дар бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026, ки моҳи март доир мешаванд, кор мекунанд.
Довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло бозии чоруми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «А» миёни дастаҳои мунтахаби Кувайт ва Қатарро, ки рӯзи 26-уми март дар шаҳри Ал-Кувайт баргузор мешавад, доварӣ мекунад. Ба ӯ ёварони довари ФИФА – Вафо Қараев ва Ҳасан Каримов кӯмак мекунанд. Муҳаммад Ҳасан Ал-Мулло аз АМА ба ҳайси довари эҳтиётӣ таъйин шуд.
Гурӯҳи дигари доварон аз Тоҷикистон таҳти роҳбарии довари ФИФА Насрулло Кабиров бозии даври чаҳоруми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «I»-ро миёни дастаҳои мунтахаби Бангладеш ва Фаластин ҳакамӣ мекунад. Ёварони ӯ Акмал Бӯриев ва Хусрави Сиддиқзод хоҳанд буд. Вазифаи довари эҳтиётӣ ба дӯши довари ФИФА Сайёдҷон Зайниддинов вогузор шуд. Вохӯрӣ 26 март дар пойтахти Бангладеш – шаҳри Дакка баргузор мешавад.