Доварони Тоҷикистон бозиҳои қаҳрамонии Федератсияи футболи Осиёи Ҷанубиро хидматгузорӣ мекунанд – Федерация Футбола Таджикистана

Доварони Тоҷикистон бозиҳои қаҳрамонии Федератсияи футболи Осиёи Ҷанубиро хидматгузорӣ мекунанд

Ду довар аз Тоҷикистон – довари ФИФА Сайёдҷон Зайниддинов ва ёвари довари ФИФА Фарҳод Қуралов барои хидмат ба бозиҳои қаҳрамонии Федератсияи футболи Осиёи Ҷанубӣ даъватнома гирифтанд.

Чемпионати Федератсияи футболи Осиёи Ҷанубӣ (SAFF) аз 1 то 16 октябр дар Малдив баргузор мешавад. Дастаҳои мунтахаби Ҳиндустон, Бангладеш, Малдив, Непал ва Шри Ланка барои пирӯзӣ дар ин мусобиқа мубориза мебаранд. Мувофиқи низомнома, қаҳрамонии SAFF аз рӯи тартиби даврӣ дар як қисм баргузор мешавад ва аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ ду дастаи беҳтарин дар бозии ниҳоӣ вомехӯранд. Бозии ниҳоии мусобиқаи мазкур рӯзи 16 октябр баргузор хоҳад шуд.

Назари худро бинависед