Як қатор доварон аз Тоҷикистон, ки ба гурӯҳи доварони элитаи Конфедератсияи футболи Осиё шомил шудаанд, барои ҳакамии бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои наврасон (U-17) ва ҷавонон (U-20) даъват шуданд.
Довари ФИФА Сайёдҷон Зайниддинов ва ёвари довари ФИФА Акмал Бӯриев дар бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 (U-17) дар гурӯҳи «Е», ки аз 5 то 9 октябр пойтахти Бангладеш шаҳри Дакка баргузор мешаванд, кор хоҳанд кард.
Довари дигари элитаи КФО, довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло ва ёвари довари ФИФА Вафо Қараев бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 (U-17) дар чаҳоргонаи «C»-ро ҳакамӣ мекунанд. Рақобатҳои ин гурӯҳ аз 5 то 9 октябр дар шаҳри Маскати Уммон баргузор мешаванд.
Илова бар ин, доварони мо барои бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола таъйинот гирифтанд. Довари ФИФА Насрулло Кабиров ва ёвари довари ФИФА Исмоил Нуралиев аз 10 то 18 сентябр бозиҳои гурӯҳи «С»-ро дар Лаос доварӣ мекунанд. Довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло ва ёвари довари ФИФА Ҳасан Каримов барои қазовати бозиҳо дар чаҳоргонаи «J» ба шаҳри Бишкек мераванд.