Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон барандаи Ҷоми «DeFacto» гардиданд – Федерация Футбола Таджикистана

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон барандаи Ҷоми «DeFacto» гардиданд

Дастаи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон барандаи Ҷоми «DeFacto» оид ба футзал байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ гардид, ки имрӯз, 11 декабр дар шаҳри Душанбе ба анҷом расид.

Дар мусобиқаи Ҷоми «DeFacto» байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳашт даста ширкат кард. Дар марҳилаи муқаддамотӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шуданд. Сипас ду даста ба марҳилаи плей-офф роҳ ёфта, муборизаро барои медалҳо идома дод.

Дар бозӣ барои медалҳои биринҷӣ донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бар тими Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон бо ҳисоби 8:1 пирӯз шуданд.

Дар бозии ниҳоӣ дастаҳои Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳам омаданд. Вақти асосии вохӯрӣ бо ҳисоби мусовии 5:5 хотима ёфт. Дар силсилаи пеналти донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дақиқтар баромада (4:2), ғолиби мусобиқа гардиданд.

Дар натиҷаи мусобиқа Абдулвосид Ашӯров (Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) нишонзани беҳтарин гардид. Ҷоизаи беҳтарин дарвозабон ба Суҳроб Назаров (Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон) дода шуд. Капитани дастаи ДДМИТ Ибодулло Назиров беҳтарин бозигари мусобиқа эътироф гардид.

Назари худро бинависед