Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) дар оғози чемпионати CAFA-2024 бар тими Қирғизистон пирӯз шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) дар оғози чемпионати CAFA-2024 бар тими Қирғизистон пирӯз шуд

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Марко Раҷини дар оғози мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ бар тими наврасони Қирғизистон бо ҳисоби 3:0 пирӯзӣ ба даст овард.

Голҳои Муҳаммад Назриев, Аҳмадҷон Шоев ва Назрулло Ашӯрализода ба тими мо се имтиёз оварданд.

Дастаи наврасони Тоҷикистон бозии навбатии худро дар чемпионати CAFA-2024 рӯзи 21 август бо мунтахаби Афғонистон анҷом медиҳад. Ин вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 21:30 оғоз мешавад.

Назари худро бинависед