Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-14) дар чемпионати CAFA-2022 ширкат мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-14) дар чемпионати CAFA-2022 ширкат мекунад

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-14) таҳти роҳбарии сармураббӣ Далер Каёсов дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки аз 11 то 18 ноябр дар шаҳри Ҳисор баргузор мешавад, ширкат мекунад. 

Дар чемпионати CAFA-2022 (U-14) ба ҷуз аз тими Тоҷикистон боз чаҳор дастаи дигар – Афғонистон, Эрон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат мекунад. 

Дар маҷмуъ, дар доираи чемпионати CAFA-2022 (U-14) даҳ бозӣ баргузор мешавад. Ҳамаи рақобатҳо дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор сурат мегиранд. 

Тибқи низомномаи мусобиқот ҳар як даста дар як давр бо ҳамдигар бозӣ мекунад. Тими ғолиб аз рӯйи шумораи бештари холҳо муайян карда мешавад.

 

Чемпионати СAFA-2022 байни дастаҳои наврасони то 14-сола

Иштирокчиён: ТОҶИКИСТОН, Афғонистон, Эрон, Туркманистон, Ӯзбекистон. 

Даври 1

11 ноябр (ҷумъа)

11:30 – Ӯзбекистон – Туркманистон

16:00 – Эрон – Афғонистон

 

Даври 2

12 ноябр (шанбе)

11:30 – Туркманистон – ТОҶИКИСТОН

16:00 – Ӯзбекистон – Эрон

 

Даври 3

14 ноябр (душанбе)

11:30 ТОҶИКИСТОН – Ӯзбекистон

16:00 – Афғонистон – Туркманистон

 

Даври 4

16 ноябр (чоршанбе)

11:30 – Афғонистон – Ӯзбекистон

16:00 – Эрон – ТОҶИКИСТОН

 

Даври 5

18 ноябр (ҷумъа)

11:30 – Туркманистон – Эрон

16:00 ТОҶИКИСТОН – Афғонистон

Назари худро бинависед