Дастаи мунтахаби Тоҷикистон: омодагӣ барои бозӣ бо тими миллии Тринидад ва Тобаго – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон: омодагӣ барои бозӣ бо тими миллии Тринидад ва Тобаго

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт омодагиро ба бозии ниманиҳоии мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022» дар шаҳри Чиангмайи Тайланд, ки рӯзи 22 сентябр баргузор мешавад, идома медиҳад.

Ба ҳайати даста ҳамлагари бошгоҳи «Ислоч»-и Беларус Шаҳром Самиев шомил шуд. Ҳамлагари дастаи «Левадия»-и Эстония Рустам Соиров аз пагоҳ ба тамрин дар ҳайати мунтахаби кишвар шуруъ мекунад. Бозигарони мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) Амадонӣ Камолов ва Меҳрубон Каримов ҳамроҳ бо нимҳимоятгар Эҳсони Панҷшанбе, ки имрӯз дар Душанбе тӯйи домодӣ дошт, субҳи 22 сентябр ба сафи тими миллии Тоҷикистон мепайванданд.

Қобили зикр аст, ки дар даври ниманиҳоии мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022» тими миллии Тоҷикистон рӯзи 22 сентябр бо мунтахаби Тринидад ва Тобаго рақобат мекунад. Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи «The 700th Anniversary of Chiang Mai»-и Чиангмай баргузор шуда, соати 17:30 ба вақти маҳаллӣ (15:30 Душанбе) оғоз мешавад. Дар вохӯрии дигари ниманиҳоӣ дар ҳамон рӯз тимҳои миллии Тайланд ва Малайзия бо ҳам нерӯ месанҷанд.

Ғолибони даври ниманиҳоӣ рӯзи 25 сентябр дар бозии ниҳоӣ ва дастаҳои мағлубшуда барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд.

 

Мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022»

1/2 ниҳоӣ

22 сентябр (панҷшанбе)

15:30 – Тринидад ва Тобаго – ТОҶИКИСТОН

18:30 – Тайланд – Малайзия

 

25 сентябр (якшанбе)

15:30 – Бозӣ барои ҷойи сеюм

18:30 – Финал

Эзоҳ: оғози бозӣ ба вақти Душанбе аст.

Назари худро бинависед