Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар «Ҷоми Наврӯз-2022» дар Намангон тими Қирғизистонро шикаст дод – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар «Ҷоми Наврӯз-2022» дар Намангон тими Қирғизистонро шикаст дод

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Наврӯз-2022» дар бозӣ барои ҷойи севум, ки 29 март дар Намангон баргузор шуд, бар тими миллии Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.

Нимҳимоятгари дастаи «Локомотив»-и Пловдив Парвизҷон Умарбоев дар дақиқаи 54-ум муаллифи голи ягонаи вохӯрӣ гардид.

Ҳарду даста вохӯриро дар ҳайати баробар анҷом надоданд. Дар дақиқаи 23-юм Манучеҳр Сафаров (Тоҷикистон) ва Гулҷигит Алиқулов (Қирғизистон) аз майдон хориҷ карда шуданд. Дар дақиқаи 52-юм нимҳимоятгари тими миллии Қирғизистон Одилҷон Абдураҳмонов барои таҳқири довар корти сурх гирифт. Ва панҷ дақиқа қабл аз анҷоми вақти асосии бозӣ ҳимоятгари тими мо Ваҳдат Ҳанонов корти дуюми зардашро гирифта, аз идомаи ҳунарнамоӣ маҳрум шуд.

Мунтахаби Ӯзбекистон дар финали «Ҷоми Наврӯз-2022» бар тими Уганда бо ҳисоби 4:2 зафар ёфт ва ғолиби мусобиқот гардид. Дар ҳайати ғолибон Элдор Шомуродов ба номаш хет-трик сабт намуд.