Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар Туркия нахустин бозии санҷиширо доир намуд – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар Туркия нахустин бозии санҷиширо доир намуд

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23), ки дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия қарор дорад, имрӯз, 24-уми март нахустин бозии санҷишии худро анҷом дод.

Дастаи олимпии Того (U-23) шарики спарринги командаи мо буд. Вохӯрӣ дар муборизаи баробар ҷараён гирифт ва бо пирӯзии минималии дастаи Африқо – 1:0 анҷом ёфт.

Дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Анталия мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) боз ду бозии санҷишӣ баргузор мекунад. Рӯзи шанбеи 26-уми март дастаи Мубин Эргашев бо ҳамсолони худ аз Урдун бозӣ мекунад. Ва бозии ниҳоии санҷишӣ 29 март бо дастаи олимпии Кувайт (U-23) баргузор мешавад. Бозии санҷишии бо дастаи мунтахаби Афғонистон, ки қаблан ба нақша гирифта шуда буд, лағв шуд.

Бояд гуфт, ки дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 1-ум то 19-уми июн дар Узбекистон баргузор мешавад, мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар гурӯҳи «D» баромад мекунад. Рақибони дастаи мо тимҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ (3 июн), АМА (6 июн) ва Ҷопон (9 июн) хоҳанд буд.

 

Бозии санҷишӣ

ТОҶИКИСТОН (U-23) – Того (U-23) – 0:1

Тоҷикистон (ҳайати ибтидоӣ): Далер Азизов, Муҳаммадҷон Насков, Алишер Баротов, Парвиз Боқиев, Ҷонибек Шарипов, Далер Ёдгоров, Сорбон Авғонов, Амадони Камолов, Шӯҳрат Элмуродов, Шарифбек Раҳматов, Нуриддин Ҳамроқулов.

 

Бозиҳои боқимонда:

26 март (шанбе)

ТОҶИКИСТОН (U-23) – Урдун (U-23)

 

29 март (сешанбе)

ТОҶИКИСТОН (U-23) – Кувайт (U-23)

Назари худро бинависед