Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) ҷамъомади дуҳафтаинаро дар Туркия анҷом дода, дар доираи он се бозии санҷишӣ кард.
Дар вохӯрии ниҳоии санҷишӣ дар Анталия дастаи Мубин Эргашев бо ҳамсолони худ аз Кувайт бозӣ кард. Ин рақобат мусовӣ – 1:1 хотима ёфт. Аз ҳайати дастаи мо Шоҳрух Сангов гол зад.
Қаблан дар Туркия дастаи олимпии мо бо ҳамсолони худ аз Того (0:1) ва Урдун (0:0) бозиҳои дӯстона гузаронида буд.
Барои мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Анталияи Туркия як марҳилаи омодагӣ ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 ба ҳисоб меравад, ки аз 1 то 19 июн дар Ӯзбекистон баргузор мешавад. Рақибони дастаи мо дар гурӯҳи «D» дастаҳои Арабистони Саудӣ (3 июн), Амороти Муттаҳидаи Араб (6 июн) ва Ҷопон (9 июн) мебошанд.