Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон қабл аз вохӯрӣ бо дастаи Афғонистон тамринҳои пеш аз бозии худро анҷом дод – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон қабл аз вохӯрӣ бо дастаи Афғонистон тамринҳои пеш аз бозии худро анҷом дод

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон пеш аз бозии даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 бо тими Афғонистон тамрини ниҳоиро баргузор кард.

Машқҳо дар маҷмааи варзишии «Газпром Арена»-и Бишкек баргузор шуд, ки дар он бозиҳои мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 баргузор мешаванд.

Фардо, 10-уми апрел, футзалбозони тоҷик нахустин бозии худро дар минтақаи Марказӣ ва Ҷанубии марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё баргузор мекунанд. Рақиби дастаи мо тими миллии Афғонистон мебошад. Бозӣ соати 13:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

 

Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал

Минтақаи марказӣ ва ҷанубӣ. Гурӯҳи «В»

Даври 1

10 апрел (якшанбе)

10:00 – Ӯзбекистон – Непал

13:00ТОҶИКИСТОН – Афғонистон

 

Даври 2-юм

11 апрел (душанбе)

10:00 – Непал – ТОҶИКИСТОН

13:00 – Афғонистон – Ӯзбекистон

 

Даври 3-юм

12 апрел (сешанбе)

10:00 – Ӯзбекистон – ТОҶИКИСТОН

13:00 – Афғонистон – Непал

Эзоҳ: Замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе аст.

Назари худро бинависед