Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) омодагиҳоро ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 оғоз кард – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) омодагиҳоро ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 оғоз кард

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии сармураббии нав Олег Кубарев омодагиҳоро ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 1-ум то 18-уми март дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, оғоз кард.

Ба ҷамъомади тамринии якум, ки то 28 декабр идома мекунад, 31 бозигар – 3 дарвозабон, 10 ҳимоятгар, 12 нимҳимоятгар ва 6 ҳамлагар даъват шудаанд.

Нимҳимоятгари тими «Краснодар-2» Алиҷони Айнӣ ба ҷамъомади тамринии дуюм, ки моҳи январи соли оянда дар назар аст, ба тими ҷавонони кишвар даъват мешавад.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи «С» баромад карда, бо тимҳои Урдун (2 март), Уммон (5 март) ва Кореяи Ҷанубӣ (8 март) бозӣ мекунад. Пас аз ҷамъбасти Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон дар Ӯзбекистон чаҳор дастаи беҳтарин ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки соли оянда дар Индонезия баргузор мешавад, роҳхат мегирад.

 

Ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) барои ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Душанбе:

Дарвозабонҳо: Сафармад Ғаффоров, Шаҳобиддин Маҳмудзода («Динамо»), Суҳробхӯҷа Юсупов («Хуҷанд»);

Ҳимоятгарон: Меҳрубон Каримов («Динамо-Авто», Молдова), Раҳматшо Раҳматзода, Меҳрубони Абдурауф, Фахриддин Аҳтамов, Содиқҷон Қурбонов, Шаҳриёри Иноятулло, Рӯзимуҳаммад Абдураҳмонов (ҳама аз «Динамо», Ҳайдар Сатторов («Истиқлол»), Асадбек Зиёзода («Истаравшан»), Диёрбек Марауфов («Равшан»-и Зафаробод);

Нимҳимоятгарон: Хусрав Тоиров («Атирау», Қазоқистон), Кабир Салимшоев («Динамо-Авто», Молдова), Амадонӣ Камолов («Паракуэллос Антамира», Испания), Салам Ашӯрмамадов («Брок Бойз», Русия), Салоҳиддин Иргашев («Металлург», Ӯзбекистон), Фатҳулло Олимзода, Абдулло Шарифов, Азизбек Ҳаитов, Азизбек Далиев, Бежан Нишонбойзода (ҳама аз «Динамо»), Ҳамза Аҳтамов («Истаравшан), Ҷовидон Хушвахтов («Равшан», Кӯлоб);

Ҳамлагарон: Абдулфаттоҳ Худойдодзода («Динамо-Брест», Беларус), Далер Шарипов («Металлург», Ӯзбекистон), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Равшан»-и Кӯлоб), Фаридун Давлатов («Регар-ТадАЗ»), Сунатулло Азизов («Динамо»), Асадбек Ҷӯрабекзода (КМВА).

Сармураббӣ – Олег Кубарев (Беларус).

Назари худро бинависед