Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи собиқ президенти Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон Мираброр Усмонов бар тими миллии Қирғизистон пирӯзии калон ба даст овард.
Ин вохӯрӣ имрӯз, 22 июл дар маҷмааи варзишии «Юнусобод»-и Тошканд баргузор шуда, бо ҳисоби 4:1 ба фоидаи футзалбозони мо анҷом ёфт. Дарвозабон Фирӯз Бекмуродов аз ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ду гол зад. Насратшо Исмоилов ва Баҳодур Хоҷаев як голии дигар ба самар расониданд.