Дастаи «Душанбе-1» – ғолиби лигаи наврасони Тоҷикистон «Умед» (U-16) – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи «Душанбе-1» – ғолиби лигаи наврасони Тоҷикистон «Умед» (U-16)

Дастаи «Душанбе-1» таҳти роҳбарии мураббӣ Зайниддин Раҳимов барандаи Лигаи наврасони Тоҷикистон «Умед» байни бозигарони то 16-сола гардид. 

Дар майдони захиравии Варзишгоҳи марказии Душанбе имрӯз, 7 декабр қисми ниҳоии мусобиқаи лигаи наврасони Тоҷикистон «Умед» (U-16) ба анҷом расид. Барои медалҳо нуҳ даста, ки ба ду гурӯҳ тақсим шуда буданд, мубориҳаро оғоз намуданд. Пас аз анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ рақобатҳо аз рӯйи системаи плей-офф баргузор шуданд.

Дастаи НТМ дар бозӣ барои ҷойи севум бар тими «Суғд-1» бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуд. Наврасони «Душанбе-1» дар бозии ниҳоӣ ҳамсолони худро аз тими «Суғд-2» дар силсилаи пеналти – 4:2 (вақти асосӣ – 2:2) шикаст дода, ғолиби лигаи «Умед» дар соли 2022 гардиданд.

Дар маросими ҷамъбастии мусобиқа дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон Фурқат Ахмедҷонов, директори Лигаи футболи кӯдакону наврасони кишвар Увайдо Давлатбеков, капитани тими миллии Тоҷикистон Аҳтам Назаров, собиқ бозигарони тими миллӣ Юсуф Рабиев ва Фаррух Чориев, инчунин сардори шуъбаи баргузории мусобиқаҳои ЛФКНТ Шамсиддин Раҷабов ширкат карданд.

Аз рӯи натоиҷи мусобиқоти лигаи наврасони Тоҷикистон «Умед» (U-16) Умарҷон Раҳматов (НТМ), Саидҷон Бобозода («Душанбе-1») ва Беҳзод Ҳакимов («Суғд-2») беҳтарин бозингар дар ҳайти дастаҳо дониста шуданд. Беҳтарин нишонзани мусобиқот Ҷавоҳир Нарзуллоев («Суғд-2») гардид, ки дар чемпионат ба дарвозаи рақибон 12 гол зад. Ҷоизаи беҳтарин бозигар ба Ҳусниддин Соҳибов аз тими «Душанбе-1» супорида шуд.

Назари худро бинависед