Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар чемпионати CAFA-2024 ҳамсолони худ аз Афғонистонро шикаст дод – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар чемпионати CAFA-2024 ҳамсолони худ аз Афғонистонро шикаст дод

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар даври дуюми мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ тими ҷавонони Афғонистонро мағлуб кард.

Ин бозӣ имрӯз, 7-уми июл дар варзишгоҳи «Қурмонбек»-и Ҷалолобод баргузор шуда, бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи дастаи мо анҷом ёфт. Аз ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Азизбек Далиев гол зад.

Дар даври баъдӣ рӯзи 9 июл мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Қирғизистон вомехӯрад. Вохӯрӣ соати 21:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

 

🏆 Чемпионати CAFA-2024 байни дастаҳои ҷавонон (U-20)

Гурӯҳи «А». Даври 2

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇦🇫 Афғонистон – 1:0

️ Гол: Азизбек Далиев, 43 – аз пеналти.

🏟 7 июл. Ҷалолобод. Варзишгоҳи «Қурмонбек».

Назари худро бинависед