Дар Душанбе нахустин ҷаласаи шӯрои мураббиёни ФФТ дар соли ҷорӣ баргузор шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Дар Душанбе нахустин ҷаласаи шӯрои мураббиёни ФФТ дар соли ҷорӣ баргузор шуд

Имрӯз, 17 май дар меҳмонхонаи «Таҷ Палас»-и Душанбе нахустин ҷаласаи шӯрои мураббиён дар соли ҷорӣ таҳти раёсати директори техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон Салоҳиддин Ғафуров баргузор шуд.

Дар ҷаласа ҳисоботи сармураббиёни тимҳои миллии Тоҷикистон шунида шуданд. Петр Сегрт (тими миллӣ), Раҳматулло Фузайлов (дастаи нарасон, U-17), Мубин Эргашев (дастаи олимпии занона), Юсуф Рабиев (дастаи бонувон, U-20), Фарҳодҷон Холбеков (мунтахаби духтарона, U-17), ки тимҳояшон дар чаҳор моҳи аввали соли ҷорӣ дар мусобиқоти байналмилалӣ бозиҳои дӯстона ва расмӣ анҷом доданд, ба шӯрои мураббиёни ФФТ гузориш доданд.

Ҳамчунин сармураббиёни дастаҳои Тоҷикистон аз нақшаҳои худ барои моҳҳои оянда гуфтанд. Иштирокчиёни ҷаласаи шӯрои мураббиёни Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бораи пешрафти кори дастаҳои кишвар табодули назар карданд.

Дар се моҳи оянда ин мусобиқаҳо дастаҳои моро интизоранд: мунтахаби Тоҷикистон (иштирок дар мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» дар Тошканд), дастаи наврасони то 17-сола (чемпионати CAFA-2023 U-20 дар Душанбе ва Ҷоми Осиё-2023 миёни наврасон дар Тайланд) ва тими миллии футзали Тоҷикистон (чемпионати CAFA-2023). Илова бар ин, дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар моҳи июн ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Назари худро бинависед